Арҷгузорӣ ба собиқадорони меҳнат ба муносибати Рузӣ Модар

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои арзанда ва фаъолияти пурсамари собиқадорони меҳнат ва ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар,  як қатор собиқадорони касбу кори гуногун аёдат карда шуданд.

   Зимни аёдат аз хизматҳои шоистаи собиқадорон ёдоварӣ гардида, барои фаъолияти бисёрсолаи содиқона ва саҳми арзандаашон изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда шуд. Ҳамзамон ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, таъкид гардид, ки таҷриба ва дониши ғанӣ дар тарбияи шогирдон аҳамияти калон дорад.

   Собиқадорон аз чунин таваҷҷуҳ  изҳори хушнудӣ намуда, ба роҳбарияти Фонд  барои қадршиносӣ ва эҳтироми хизматҳояшон миннатдорӣ баён карданд.

   Чунин иқдомҳо нишонаи эҳтиром ба заҳмати собиқадорон ва пос доштани анъанаҳои нек буда, мақоми баланду муқаддаси собиқадоронро дар ҷомеа боз ҳам таҳким мебахшад.