Озмуни «Китобхони беҳтарин» ва “Иншои беҳтарин” дар н. Фархор ва н. Мастчоҳи Кӯҳӣ

Соли дуюм аст, ки дар мактаб-интернатҳои пилотӣ озмуни “Китобхони беҳтарин” ва "Иншои беҳтарин" баргузор мегардад.

Ҳадафи баргузории озмуни мазкур,баланд бардоштани завқи китобхонӣ, омода намудани ҷавонони суханвару сухандон, эҳёи суннатҳои неки аҷдодӣ,  ва омода намудани тарбиятгирандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бахусус озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳисобӣ меравад.

Дар ҷамъбасти озмун намояндагони Фонд дар якҷоягӣ бо кормандони Шӯъбаи маорифи ноҳияҳо ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ—ду адад смартфон, 5 адад планшет, 6 адад соатҳои рақамӣ, ҷувздон, маводҳои рушдкунанда ва варзишӣ тақдим намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани хонандагон ба озмунҳои мазкур омӯзгорони муассисҳо низ аз ҷониби Фонд бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шудаанд.