Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон, фонд барои пиронсолон роҳравии скандинавиро дар Боғи Ирам” ташкил намуд

Ҳамасола 1 октябри ҳамчун Рӯзи байналмилалии пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин ҷашн мо барои пиронсолон Роҳравии скандинавиро дар Боғи Ирам” ташкил намудем.

Ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ тарғибу ташвиқи  тарзи ҳаёти солим, имкони муошират ва робита бо шахсони ҳамфикр, инчунин дар фазои гарму дӯстона бо дӯстони нав вохӯрандани пиронсолон ва саҳм гузоштан дар солимии аҳолӣ мебошад. 

 Қобили зикр аз, ки Фонд чорабинии мазкурро дар ҳамкорӣ Муассисаи давлатии " Маркази ҷумхуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон ва шарикии Клуби Ҳамдилон Оптима баргузор менамояд.